Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин сарфароз гардонда шуд.

Тавре аз хадамоти матуоти сарвари давлат хабар доданд, медали тиллоии ин ниҳоди бонуфузи варзишии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Қасри Маҷлиси Мардумии ин кишвар аз ҷониби Раиси Кумитаи олимпии Чин Лю Пен тақдим карда шуд.

Тавре зикр гардид, Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузургаш дар дастгирии рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ бо ин мукофоти олӣ сарфароз мегардад.