Чанде қабл дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск бахшида ба Рӯзи ваҳдатии миллии тоҷикон таҳти унвони «Тоҷикистон – 15 соли созиш ва ваҳдат» як конфронси байнулмилалии илмиву назариявӣ доир гардид.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Минск, конфронси мазкур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Белорус ва дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ИДМ, парлумон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи улуми Ҷумҳурии Белорус созмон дода шуд.

Ба кори конфронс раиси Президиуми Академияи улуми Белорус Анатолий Русетский ҳусни ифтитоҳ бахшида, сипас сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодов суханронӣ кард.

Дар суханронии худ сафири Тоҷикистон дар бораи марҳилаҳои расидан ба сулҳу созиш, аҳамияти таҷрибаи тоҷикон дар муттаҳидсозии миллат, нақши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ваҳдати миллат ва ҳалли низоъ, мушкилоту дастовардҳои кишвар ва дигар мавзӯъҳо маълумот дод.