Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Соманахалли Маллайя Кришна санаи 2-юми июл бо сафари дурӯза корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, зимни сафар вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон бо президенти Тоҷикистон Эмомлӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.

Зимни гуфтушунидҳои дуҷониба баррасии масоили рушди ҳамкориҳои мутақобила дар бахшҳои энергетика, тиҷорат, таъмини амният ва вазъи кунуни минтақа дар назар аст.