Шоҳзода Ҳусайн  Оғохон - фарзанди  Волоҳазрат Оғохон имрӯз 2-юми июли соли 2012 зимни як сафар ба Душанбе меояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Созмони Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Тоҷикистон хабар доданд, Шоҳзода Ҳусайн дар муддати сафари серӯзаи худ ба Тоҷикистон бо раванди иҷроиши   барномаҳои ҷорӣ ва чашмандози барномаҳои  Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд дар кишвар ошно мегардад.

Шоҳзода Ҳусайн бо ибтикорот ва барномаҳо дар заминаҳои фарҳангӣ ва муҳити зист машғул мебошад.

Ташкилоти  Оғохон оид ба Рушд, ки бунёдгузор ва раҳбари он Волоҳазрат Оғохон буда, аз шабакаи муассисаҳои   хусусӣ ва ғайридавлатӣ иборат мебошад, ки дар ростои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити иловагӣ барои ҷомеаҳо ва афроди ҷудогона, ки дар манотиқи дорои шароити сахт дар кишварҳои Африқо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Шарқи Миёна зиндагӣ мекунанд, фаъолият мекунад.  Нуҳ оҷонсии ин ташкилот дар соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва рушди иқтисодӣ барои ҳамаи афрод новобаста аз мансубияти ҷинсӣ, қавмӣ ва динии онҳо кумак мекунад.

Заминаи фаъолияти ахлоқии Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд шафқат ба табақаи ниёзманд мебошад.

Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд дар Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф ба мисли рушди иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, рушди манотиқи рустоӣ, рушди фарҳангӣ  ва хадамоти молиявӣ фаъолият дорад.Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд дар кишвар аз соли 1992 бо истифода аз таҷрибаҳои худ дар манотиқи кӯҳистон фаъолият мекунад. Ин ташкилот дар тамоми қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунад ва бо пиёда сохтани барномаҳои худ ба мисли Памирэнерҷӣ, Tsell Telecommunications ва Нахустин Бонки хурди Молиявӣ  анқариб барои 3500 нафар ҷойи корӣ муҳайё сохтааст.