Чанде қабл вазири рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эндрю Митчелл ба Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овард.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафари чунин намояндаи воломақом бори нахустин дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир ба ҳисоб меравад.

Дар нимаи аввали рӯз вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир Э. Митчелл бо сарвазири кишвар О. Оқилов ва роҳбарияти Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот барпо намуд.

Дар нимаи дуюми рӯз вазири Британияи Кабир аз Вилояти Хатлон (ноҳияи Вахш) боздид ба амал оварда, бо ҷараёни иҷрои лоиҳаҳое, ки Ҳукумати Британияи Кабир маблағгузорӣ мекунад, шинос шуд.

Дар доираи сафар, ҳамчунин гуфтушуниди вазири рушди байналмилалии Британияи Кабир бо муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти бахши иқтисодии Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.