Изҳороти аз лиҳози сиёсӣ ғайриқобили қабули мансабдори воломақоми низомии Русия дар бораи имконпазирии пайдоши ихтилофоти дохилӣ дар қаламрави минтақаи Осиёи Марказӣ ба роҳандозии муносибатҳои созанда ва ҳамҷаворӣ миёни кишварҳои минтақа мусоидат намекунад, - гуфта мешавад дар изҳороти интишорнамудаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Дар идомаи изҳорот зикр мегардад, ки мавқеи пешгирифтаи генерали рус тааҷҷубовар аст, зеро ӯ метавонист ин ташвиши худро тавассути сохторҳои ҳамгиройи, аз ҷумла СААД ба шарикони худ расонад, вале ӯ роҳи изҳори пурсарусадоро пеш гирифтаааст, ки асоси воқеӣ надошта, ба ҳалли мушкилоти зикркардаи ӯ мусоидат намекунад.

«Дар робита ба масоили ҳамкориҳои низомӣ Миёни Тоҷикистону Русия, аз ҷумла масъалаи будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, мутобиқи дастурҳои мақомоти раҳбарии кишварҳо гуфтушунидҳо перомуни мавқеи ҷонибҳо идома дошта, бояд дар муҳдатҳои муқарраршуда ба анҷом расанд», - омадааст дар изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки санаи 26-уми июн генерали рус, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия Владимир Чиркин изҳор дошта буд, ки масъалаи имзои созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли нокомӣ қарор дошта, мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки метавонанд ба имзо нагардидани он боис гарданд.

«Дар робита ба мушкил шудани ихтилофҳои пешбинишуда миёни давлатҳо дар масоили энергетика, об ва истифодаи замин, бо иштироки Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд низоъҳои маҳдуди мусаллаҳона дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ пайванданд», - иброз дошта буд генерали рус.