Имрӯз президенти Тоҷикистон ба унвони президенти Белорус Александр Лукашенко ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди Рӯзи истиқлол барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар барқия аз ҷумла зикр мегардад, ки Тоҷикистону Белорусро робитаҳои ногусастании дӯстиву ҳамкорӣ ва нияти муштарак ба таҳкими муносиатҳои мутақобилан судманд пайванд месозад.

Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки бо кӯшишоти муштарак Тоҷикистону Белорус ба ҳамкории дуҷониба, ки ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду давлат ва мардуми тоҷику белорус аст, рушди бештар ва таконӣ ҷиддӣ бахшида метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки Рӯзи истиқлол дар Белорус ҷашни муҳими давлатӣ маҳсуб меёбад. Он ҳамасола санаи 3-юми июл – рӯзи озодшавии шаҳри Минск аз фашистони истилогар дар соли 1944 ҷашн гирифта мешавад.