Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми 6-уми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 5-уми июли соли 2012 дар пойтахти Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад, дар раъси ҳайати Тоҷикистон ба шаҳри Сеул сафар кард.

 Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҳайат намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ, энергетика ва саноат шомил мебошанд.