Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани ҷашни миллӣ – солгарди Рузи истиқлолияти ИМА ба Президенти ин кишвар Барак Ҳусейн Обама барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар барқия зикр мегардад, ки Тоҷикистон мисли пешин хоҳони пешрафти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои васеъ бо ин кишвар аст. «Мо дар оянда низ аз тамоми имкониятҳо ва захираҳо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳои ҳамкорӣ истифодаи матлуб хоҳем намуд», - омадааст дар барқия.

 Ҳамчунин дар барқия изҳори боварӣ карда мешавад, ки равобити дӯстона ва ҳамкории васеи Тоҷикистону ИМА омили муҳими сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берунтар аз он мебошад.