Дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон (12-13-уми июл) имзои як қатор асноди ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар назар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Озарбойҷон дар Душанбе хабар доданд, дар ин сафар аз имзои Созишнома дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифӣ, Протоколи ҳамкори миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо, Созишномаҳо дар бора ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, сиёсати ҷавонон ва сайёҳӣ, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Боку ва Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Озарбойҷон интизорӣ меравад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи панҷ моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон ҳудуди 18 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Муомилоти молии дуҷониба 100% танҳо тавассути воридот сурат мегирад. Аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти нафтӣ ворид карда мешавад.