Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафари худ ба Ҷумҳурии Корея ҷиҳати иштирок дар 6-умин Форуми ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Корея, Раиси ассосиатсияи байналхалқии савдои Корея ҷаноби Хан Дук-Су мулоқот анҷом дод.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти сӯҳбат масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва фарогири миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бахшида ба баргузории Форуми мазкур ҷаноби Хан Дук-Су зиёфат барпо намуд, ки зимни он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи тамоми сарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нутқи сипосӣ суханронӣ кард.

Зимни суханронӣ ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ташаббуси Ҷумҳурии Корея дар пешбурди муколама дар ҳошияи Форуми мазкур барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории ду кишвар ва минтақа саҳми сазовор хоҳад гузошт.