Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо даъвати Ҳизби озодӣ ва адолати Миср аз 1 то 4-уми июл аз шаҳри Қоҳира боздид кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, Ҳизби озодӣ ва адолати Миср соли 2011 пас аз сарнагун сохтани ҳукумати Ҳуснӣ Муборак таъсис ёфта, пешвои он Муҳаммад Мурсӣ чанде қабл дар маъракаи интихоботи презденти Миср пирӯз шуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқотҳо Муҳиддин Кабирӣ таъкид сохтааст, ки муҳимтарин вазифаи имрӯзаи ҳизбҳои ба пирӯзӣ расида дар кишварҳои мусалмонӣ, бунёди ҷомеъаҳои озод, пешрафта ва босубот мебошад ва дар сурати даст наёфтан ба ин ҳадафҳо, мардум байни неруҳои ислоҳотхоҳ ва низомҳои диктаторӣ фарқеро намебинад ва ин метавонад боиси бузургтарин зарба ба раванди барқарории адолат ва демократия дар ҷаҳони Ислом шавад.
Дар ҳошияи ин сафар, дар яке аз толорҳои шаҳри Қоҳира, ки дар он сафири Тоҷикистон дар Миср ҳам ширкат дошт, раҳбари ҲНИТ бо донишҷӯёни тоҷики муқими Миср мулоқот орост.
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста