Тайи чанд соли ахир ваколати ҳизбии беш аз 10 ҳазор нафар аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар рафтаанд, боздошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, аксари аъзои ҳизбро, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. «Пас аз ба ватан баргаштан онҳо метавонанд узвияти худ ба ҳизбро дубора барқарор намоянд», - гуфт ӯ.

Усмон Солеҳ гуфт, тайи солҳои ахир бинобар сабаби ивази макони зист дар ҳудуди кишвар ва ба қайд нагузоштан дар бахши ҳизб бо суроғаи нав, риоя накардани интизоми ҳизбӣ ва рафтори ношоям ҳамчунин боз 10 ҳазор нафар аз узвияти ҳизб хориҷ шудаанд. «Сарфи назар аз омилҳои зикршуда, шумори азъои ҲХДТ сол то сол дар ҳоли афзоиш аст», - гуфт вай.

Номбурда афзуд, айни замон шумори аъзои ҲХДТ ҳудуди 178 ҳазор нафарро ташкил дода, танҳо дар соли равон 18 ҳазор нафар аъзои нав ба узвияти ҳизб пазируфта шудаанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфт. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.