Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳидин Кабирӣ дар кори мизи гирде, ки шоми имрӯз дар «Президент-отел»-и шаҳри Маскав бахшида ба 15-умин солгарди имзои Созишнома дар бораи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Русия дар ҳамдастӣ бо маркази фарҳангии «Нур» созмон дода мешавад.

Дар кори мизи гирд ба ҷуз меҳмонон аз Тоҷикистон, ҳамчунин иштироки намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Русия, доираҳои дипломатӣ, коршиносон, олимон ва рӯзноманигорон дар назар аст.