Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти вакили дифоъ ва наздикони Иззат Амонро баррасӣ кард, аммо ҳукми 9 соли зиндонро бетағйир боқӣ гузошт. Ҳукми 9 сол зиндон шудани Иззат Амонро Додгоҳи шаҳри Душанбе 19-уми октябри имсол содир карда буд.
Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти онҳоро бе ҳузури падараш рӯзи 16-уми ноябр баррасӣ кард.
"Додрас ҳукмро бетағйир гузошт. Вакили мудофеъ гуфт, ки Додгоҳи Душанбе зерҳимояашро бе далел ба 9 сол зиндон маҳкум кардааст. Дар посух гуфтанд, аз Вазорати корҳои дохилӣ маълумотнома биёред, ки нисбати Иззат Амон парвандаи дигаре кушода шудааст ё не," -- нақл кард Холов.
Наздикони Иззат Амон ба Радиои "Озодӣ" гуфта буданд, ки ӯро барои 232 сомоние, ки ба дасти як даъвогар расонда натавонистанд, аз озодӣ маҳрум намуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста