Душанбе. 2-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имр ӯ з дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои меҳмони олиқадр барномаи фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи ин барнома Маҳмадсаид Убайдуллоев ва дигар ҳайати ҳамроҳони сафари расмӣ аз мавзеъҳои назаррабои шаҳри Пекин – осорхонаи шаҳрӣ, иншоотҳои муҳими олимпӣ, аз ҷумла Маркази миллии шиноварӣ   ва варзишгохи «Птиче гнездо» (Лонаи парранда) боздид мекунанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Пекин ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ оид ба робита бо ВАО ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шавкат Саидов хабар дод.