Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар чаҳорчӯбаи боздиди давлатӣ аз Латвия имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои латвиягии худ Валдис Затлерс дидору гуфтушунид хоҳад кард.

            Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлати Латвия, дар нимаи аввали рӯз маросими расмии истиқболи президенти Тоҷикистон доир гардида, он тавассути шабакаи телевизони LTV 1 мустақиман намоиш дода хоҳад шуд.

            Сипас дидору гуфтушуниди як ба яки сарвари кишварҳо ва ҳайатҳо дар доираи васеъ баргузор шуда, маросими тасвиби як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ дар назар аст.

            Дар нимаи дуввуми рӯз Э.Раҳмон ба пояи Муҷассамаи озодӣ гулчанбар гузошта, сипас бо раиси Сейми Латвия Гундарс Даудзе мулоқот мекунад. Дар анҷом сарони кишварҳо дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Латвия ширкат хоҳанд варзид.