Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Додситони кулли ҶТ Бобоҷон Бобохонов мушовири адлияи дараҷаи аввал, собиқ муовини аввали додситони вилояти Хатлон Сайидмурод Қодировро ба вазифаи додситони шаҳри Душанбе таъин кард.

Чӣ тавре ки аз мақомоти додситонии пойтахт ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, С.Қодиров дар ин вазифа мушовири давлатии дараҷаи аввал Қурбоналӣ Муҳаббатовро, ки аз оғози соли 2007 дар ин мансаб ифои вазифа менамуд, иваз кард.

Айни замон Қ.Муҳаббатов дар ихтиёри захираҳои кадрии Додситонии кулли ҶТ қарор дорад.