Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Сафари нимаи моҳи майи президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон то аввали моҳи август мавқуф гузошта шуд.

Чӣ тавре ки роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи қарордоди қаблӣ сарони кишварҳо тасмим гирифта буданд, ки нимаи моҳи май дар маросими пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ширкат меварзанд, аммо ахиран ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки президенти Русия моҳи август ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими комилан ба истифода супурдани иншоот бо тамоми зерсохтораш иштирок хоҳад кард.

Ба қавли Д.Назриев, сарфи назар аз рӯзҳои наздик ба кор даромадани агрегати охирини нерӯгоҳ, ҷиҳати комилан анҷом ёфтани сохтмони иншоот то ҳанӯз вақт ва воситаҳои молиявӣ заруранд.