Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имр ӯ з аз ҷ ониби Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон якчанд қонунҳо, ки аз тарафи Ма ҷ лиси намояндагон қабул гардида, Ма ҷ лиси милл ӣ онҳоро ҷ онибдор ӣ намудааст, ба имзо расиданд.

Қонунҳои Ҷ умҳурии То ҷ икистон «Дар бораи фаъолияти бонк ӣ », «Дар бораи ҳифзи меҳнат", «Дар бораи ҳадди аққали зиндаг ӣ ", «Дар бораи ба р ӯ йхатгирии аҳол ӣ », «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқ ӣ ва соҳибкорони инфирод ӣ », «Дар бораи фаъолияти техник ӣ », «Дар бораи хо ҷ агии деҳқон ӣ   (фермер ӣ )», «Дар бораи стандартҳои и ҷ тимоии давлат ӣ »,   «Дар бораи ҳимояи тиббию и ҷ тимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд» аз ҷ умлаи онҳо мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки қонунҳои Ҷ умҳурии То ҷ икистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқ ӣ ва соҳибкорони инфирод ӣ », «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷ умҳурии То ҷ икистон «Дар   бораи ҷ амъиятҳои саҳом ӣ » ва «Дар бораи муфлисшав ӣ » бо мақсади ҷ ор ӣ намудани принсипи равзанаи ягона, шаффофу содда гардонидани таъсису бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқ ӣ ва соҳибкорони инфирод ӣ , аз байн бурдани ҳар гуна монеаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкор ӣ , танзими ҳама ҷ онибаи ҷ араёни муфлисшавии субъектони муносибатҳои иқтисод ӣ ва   такмилу беҳдошти фаъолияти ҷ амъиятҳои саҳом ӣ равона карда шудаанд.

Қонунҳои ба имзорасида пеш аз ҳама ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзу ҳимояи манфиати шахсони ҳуқуқ ӣ , соҳибкорони инфирод ӣ ,   беҳдошти вазъи иқтисодию и ҷ тимоии кишвар, такмили қонунгузории ҷ ор ӣ , танзими муносибатҳои ҷ амъият ӣ нигаронида шуда, барои пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷ омеа мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.