Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ Комиссари Олии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оид ба умури аққалиятҳои миллӣ Кнут Воллебекро ба ҳузур пазируфт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, Ҳ.Зарифӣ изҳор доштааст, ки қонунгузории ҷории кишвар ба намояндагони аққалиятҳои миллӣ интихоби озоди забони муошират, дастрасӣ ба маълумот, гирифтани иттилоот бо забони модарӣ ва озодии мазҳабро кафолат медиҳад.
Зимни мулоқот масоили марбут ба такмили Қонуни ҶТ «Дар бораи забон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин робита Ҳ.Зарифӣ зикр кард, ки қонуни амалкунанда дар замони шӯравӣ бо назардошти воқеияти он давра ба тасвиб расидааст ва феълан ҷаобгӯи талаботи имрӯза нест. «Бинобар ин гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи нави қонуни мазкур созмон дода шуда, дар он мутобиқгардонии муқаррароти қонун ба шароити имрӯза пешбинӣ мешавад», - гуфт ӯ.
Комиссари Олии САҲА нияти идомаи ҳамкории дуҷонибаи муштарак дар татбиқи лоиҳаҳои созмонро баён дошта, зикр кард, ки САҲА ҷиҳати расонидани кӯмаки машваратӣ баҳри таҳияи лоиҳаи нави қонун «Дар бораи забон» дар Тоҷикистон омода аст.
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста