Ҳукумати ҷумҳурӣ ба палатаи поёнии парлумон ҷиҳати баррасӣ лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод кард, ки дар он коҳиши ҳаҷми кӯмакпулиҳо ба вакилони парлумон зимни ба нафақа баромадан ва маъюбӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, айни замон зимни ба нафақа баромадан ё маъюби гурӯҳи якум шудан вакилони парлумон ба гирифтани кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми музди меҳнати ҳаштсола ҳуқуқ доранд.
«Пас аз қабули тағйироту илова ҳаҷми кӯмакпулиҳо барои вакилоне,, ки ба нафақа мебароянд ё маъюб мешаванд, аз ҷониби ҳукумати муқаррар карда мешавад», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, пас аз қабули тағйироту илова ҳаҷми кӯмакпулиҳо ба вакилон дар ҳолатҳои зикршуда нисбат ба нишондиҳандаи феъӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, ин тадбир баҳри сарфаи воситаҳои буҷетӣ равона гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки айни замон ҳаҷми музди меҳнати моҳонаи вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 4 ҳазору 950 сомониро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста