Дар Маскав ба муносибати 240-солагии Донишгоҳи давлатии заминсозӣ дар як маросими ботантана Кӯи Номдорон ифтитоҳ ёфт.

Бино ба иттилои Sputnik Тоҷикистон, дар Кӯи Номдорон нимпайкараҳои 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, миёни 12 донишманду профессор ва хатмкунандагони шинохтаи Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷой гирифтааст.

"Мо беҳтарин хатмкунандагони ин донишгоҳро интихоб кардем. Инщо шахсоне ҳастанд, ки барои рушди кишвари худ саҳми арзанда гузоштанд. Ба назари мо Шукурҷон Зуҳуров яке аз беҳтарин хатмкунандагони тоҷикистонии донишгоҳи мо мебошад. Ӯ барои рушди кишвараш корҳои зиёде анҷом додааст", - таъкид кардааст Василий Нилиповский, ноиби ректор доир ба равобити байналмилалии донишгоҳ.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Сергей Волков, ректори Донишгоҳи давлатии заминсозӣ, ифтитоҳи Кӯи номдорон барои донишгоҳ як лаҳзаи таърихӣ мебошад.

Роҳбарияти Донишгоҳ барои интихоби беҳтаринҳо, ки нимпайкараҳояшон дар Кӯи номдорон гузошта шуданд, озмун эълон намуда буд. Дар озмуни мазкур донишҷӯёну, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ фаъолона ширкат намуданд.

Тибқи натиҷаҳои овоздиҳии интернетӣ 12 нафар интихоб шуд. Миёни 12 нафаре, ки нимпайкараҳои онҳо дар Кӯи номдорони донишгоҳ гузошта шудааст, нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров низ ҷой гирифтааст.

Ёдрас мешавем, ки Шукурҷон Зуҳуров, соли 1976 Академияи идоракунии Русия ва Донишгоҳи муҳандисӣ - заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст.

“Дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои Тоҷикистон Русия яке аз давлатҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. 27 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд. Мутахассисоне, ки донишгоҳҳои Русияро чи дар замони Шӯравӣ ва чи дар замони баъд аз пош хӯрдани иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил карданд, дар рушди Тоҷикистон саҳми арзандае гузоштанд. Имрӯз миёни нимпайкараҳои 12 ашхоси бонуфузе, ки ин донишгоҳро хатм карданд, нимпайкараи Шукурҷон Зуҳуров низ гузошта шудааст. Ин барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ боиси ифтихор аст” - гуфтааст сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов.

Инчунин, сафир илова кардааст, ки ин иқдом намунаи рушди дӯстӣ миёни Тоҷикистону Русия мебошад. 

“Ба назари ман гузоштани ин нимпайкара, ба як шахсияти сиёсии Тоҷикистон ин эҳтиром ба ҷумҳурии мост ва мо аз ин иқдом сипосгузорем”, - зикр намудааст ӯ.

Дар Кӯи Номдорон ҳамчунин нимпайкараҳои дигар чеҳраҳои шинохтаи донишгоҳ аз ҷумла вазири маорифи Русияи императорӣ Владимир Глазов, профессор Иван Герман, мутахассиси геодезия Иван Иверонов, донишмандони рус Алексей Маслов, Сергей Удачина, муовини раиси ҳукумати Русия, вазири кишоварзии Русия дар солҳои 1996-1998 Виктор Хлистун, донишманди Латвияи шӯравӣ Виктор Тимофеев, нахуствазири Муғулистон Жанлавин Нарантсатсралта, вазири замин ва захираҳои табии Чин Ма Кэвэй ва академик Юрий Неумивакин низ гузошта шудаанд.