Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили дар робита ба ҳалокати одамон бар асари фаромадани ярч барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад, “хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон бар асари фаромадани ярч дар осоишгоҳи Шовии Гурҷистони дӯст боиси андӯҳи амиқи мо гардид”.

“Дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори ин офати табиӣ таъзияву ҳамдардии самимии худро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Гурҷистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам», - зикр шудааст дар барқияи президенти Тоҷикистон.

Шоми рӯзи 3 август ба деҳаи баландкӯҳи Шовии Гурҷистон ярч фаромад. Обу лойқа ҳавлии меҳмонхонаи наздики он ва якчанд бӯстонсароҳои сайёҳиро пӯшонид. Садҳо нафар одамон ба макони амн кӯчонида шуданд.

Сурат: @NGnewsgeorgia

Теъдоди ҳалокшудагон ба 17 нафар расида, дар дараи бо ярч пӯшонидашуда корҳои ҷустуҷӯ идома доранд. ВАО-и Гурҷистон хабар медиҳанд, ки то 20 нафар бедаракшуда боқӣ мемонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.