Дар Тоҷикистон Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис дода мешавад.

Дар ин бора рӯзи 6 сентябри соли равон қарори дахлдори ҳукумат қабул шуда, он имрӯз дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст.

Ба зиммаи Кумита таҳия ва амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вогузор карда мешавад.

Дар қарор супориш дода мешавад, ки шумораи ниҳоии кормандони Кумита аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои корӣ дар ташкилотҳои буҷетӣ 42 воҳид (бе ҳайати хидматрасон) муқаррар карда шавад.

Ба раиси Кумита иҷоза дода шудааст, ки 2 муовин, аз ҷумла як муовини якум дошта, инчунин ҳайати мушовараро иборат аз 7 нафар ташкил намояд. Ҳоло маълум нест, ки кӣ ба Кумита роҳбарӣ мекунад.

Вазорати молияи ҷумҳурӣ уҳдадор шудааст, ки дар муҳлати як моҳ ихтисори воҳидҳои кориро дар ташкилотҳои буҷетии дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

Кумитаи мазкур вазифадор шудааст, ки дар муҳлати ду моҳ низомнома, сохтор ва номгуйи ташкилотҳои низоми Кумитаро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Ҳамчунин Кумита уҳдадор шудааст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлати се моҳ тибқи тартиби муқарраргардида оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Тоҷикистон таклиф пешниҳод кунад.

Маблағгузории Кумита аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молия анҷом дода мешавад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бояд барои таъмини Кумита бо бинои маъмурӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар назди ҳукумати Тоҷикистон 20 идораи давлатӣ амал мекунанд:

- Кумитаи андоз;

- Кумитаи забон ва истилоҳот;

- Кумитаи кор бо занон ва оила;

- Кумитаи меъморӣ ва сохтмон;

- Кумитаи телевизион ва радио;

- Кумитаи ҳифзи муҳити зист;

- Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ;

- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш;

- Кумитаи рушди сайёҳӣ;

- Кумитаи дин, танзими ҷашну анъана ва маросимҳо;

- Кумитаи амнияти озуқаворӣ;

- Хадамоти алоқа;

- Хадамоти гумрук;

- Хадамоти зиддиинҳисорӣ;

- Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ;

-  Сарраёсати геология;

- Агентии авиатсияи гражданӣ;

- Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ;

- Агентии стнадартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо;

- Агентии хоҷагии ҷангал.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.