Ба муносибати зодрӯзи  президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ ба унвони ӯ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи табрикии худ президенти Русия Владимир Путин зикр мекунад, ки “бо фаъолияти доманадори худ ҳамчун роҳбари давлат Шумо эҳтироми шоиста миёни ҳамватанонатон ва дар хориҷи кишвар обрӯву эътибори баландро соҳиб гаштаед”.

Сарвари давлати Русия изҳор доштааст, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ босубот қадам зада, дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.

“Бемуболиға, саҳми шахсии Шумо дар таҳкими муносиботи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳои мо, ҳамчунин тақвияти робитаҳои барои ду ҷониб судманд дар доираи СААД, ИДМ ва СҲШ бузург аст”, - омадааст дар барқия.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин таҷрибаи зиёд доштани Эмомалӣ Раҳмонро миёни сарони давлатҳои ИДМ зикр карда, муҳимияти рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Чинро таъкид дошт. Дар барқия ӯ ба идомаи таҳкими муносибатҳо ва ҳамкорӣ байни кишварҳо дар соҳаҳои гуногун изҳор омодагӣ кардааст.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таъкид доштааст, ки ислоҳоти васеъмиқёс ва корҳои бузурги созанда дар Тоҷикистон, ба таври мунтазам баланд шудани сатҳи зиндагии мардум, ҳарчи бештар афзоиш ёфтани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бе ҳеҷ шакку гумон, бевосита бо номи президент вобастаанд.

Сарвари давлати Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳори итминон кардааст, ки эъмор ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлолу мустақил, фаъолияти созанда барои муттаҳидии миллат ва барқарор намудани сулҳи дарозмуддат ба таври ногусастанӣ бо номи Эмомалӣ Раҳмон пайвастаанд.

“Ман муносибатҳои гарму эътимодбахшамонро қадр карда, саҳми бузурги шахсии Шуморо дар таҳкими риштаҳои дӯстиву ҳамкории гуногунпаҳлӯ байни ду кишвар ва мардуми онҳо баланд арзёбӣ менамоям”, - изҳор доштааст ӯ.

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов ба комёбиҳои азим даст ёфтани Тоҷикистон ва бемайлон тақвият ёфтани обрӯю эътибор ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ таъкид доштааст.

“Дидору мулоқоте, ки мо чанде пеш дар Душанбе доштем, ба таҳкими риштаҳои дӯстӣ миёни мардумони бародари мо ва таъмиқи ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои мухталиф такони қавӣ бахшиданд. Мо ҷонибдори ҳамкориҳои минбаъда боқӣ мемонем ва аз пешниҳоду ташаббусҳо оид ба густариши равобит миёни Туркманистон ва Тоҷикистон дастгирӣ мекунем”, - иброз доштааст президенти Туркманистон.

Раиси Халқ Маслаҳати Милли Генгеши Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов зикр кардааст, ки комёбиҳои азим дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон, дастовардҳои назаррас дар рушди иқтисодии кишвар, таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ бо номи Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ доранд.

Собиқ сарвари давлати Қазоқистон Нурсултон Назарбоев нақши Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва муҳимияти мулоқотҳои ахирро дар сатҳи олӣ зикр кардааст.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сафари чанде пешши худро ба Душанбе ёдрас намуда, аҳаммияти муносибатҳои дӯстона байни мардуми Озарбойҷон ва Тоҷикистонро таъкид доштааст.

Президенти  Беларус Александр Лукашенко изҳор доштааст, ки Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ходими ботаҷрибаи давлатӣ ва пешвои қавӣ, ки дар байни шаҳравандони Тоҷикистон обрӯи инкорнопазир ва дар хориҷи кишвар нуфузи шоиста дорад, мешиносад.

"Ман ба рушди ҳамкории байни Минску Душанбе таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, муносибатҳои дӯстонаро бо Шумо, ки аз имтиҳони вақт гузаштаанд, азиз медонам", зикр намудааст Лукашенко.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон муносибатҳои зичу ҳасана байни Тоҷикистон ва Туркияро таъкид дошта, ба таҳкими минбаъдаи онҳо изҳори итминон кардааст.

Президенти Қирғизистон Садир Жапаров дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шудани вохӯриҳои ахир ва баррасии дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро зикр намудааст.

Ҳамчунин аз номи раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин ва дабири куллии СААД Имангули Тасмагамбетов низ ба унвони сарвари давлати Тоҷикистон барқияҳои табрикотӣ расиданд.

Дар хабари дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ зикр мегардад, ки воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.