Тавре қаблан хабар дода будем, дирӯз, 21-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо сафари расмии дурӯза ба Русия сафар кард ва бо Владимир Путин, Президенти Русия мулоқот кард. Пас аз ин мулоқот Владимир Путин ҳамтои тоҷикашро бо ордени “Барои хидмати Ватан”, дараҷаи III, сарфароз гардонд ва баъдан, миёни ду давлат бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ имзо шуданд.

Дар доираи ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон бо Михаил Мишустин, раиси ҳукумати Русия низ мулоқот кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари Тоҷикистон дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Русия дар сохтори гардиши савдои хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар соли 2022 ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол 1,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 24 фоиз афзудааст”, - менависад манбаъ.

Дар самти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ захираву имкониятҳои истифоданашуда бисёр аст, аз ин рӯ, зарур шумурда шуд, ки барои пурра баҳрабардорӣ кардан аз он тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

“Ҷалби сармояи Русия барои таъсиси паркҳои саноатӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зарур шумурда шуд”, - омадааст дар хабар.

Дар рафти сӯҳбат ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ,  соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ табодули афкор шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.