Дирӯз, 16-уми январ, дар пайи тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони се ниҳоди навтаъсисро таъин кард. Ҳарчанд қарор дар бораи таъсиси ин ниҳодҳо чанд сол пеш имзо шуда буд, ҳамакнун бо таъини роҳбарон фаъолияти онҳо шурӯъ мешавад. Кӯшиш кардем, маълум кунем, ки ин ниҳодҳо чӣ кор мекунанд ва роҳбарони онҳо кистанд.

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ чӣ ниҳод аст?

Ниҳоди аввалин Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси он 3 сол пеш - соли 2021 дар паёми солонааш ба парлумон таъкид карда буд.

Он замон президент бо ишора ба он ки “татбиқи барномаҳои қабулнамудаи Тоҷикистон барои гузаштан ба раванди рақамикунонӣ қонеъкунанда нест”, ба ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдор супориш дода буд, ки “доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд”.

Ӯ гуфт, он “бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ”” таъсиси дода мешавад.

Коршиносон сабаби дертар таъсиси шудани ин ниҳодро ба вазъи буҷаи кишвар рабт медиҳанд. Аз ҷумла, Сайидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар як мусоҳибаи худ гуфта буд, ки яке аз сабабҳои таъсис нашудуни ин ниҳод ба қисми хароҷоти буҷа рабт мегирад.

Роҳбари Агентии навтаъсис кист?

Президент курсии роҳбари аввали ин ниҳодро ба Файзулллозода Хуршед Мирзо бовар кард. Ӯ нахустин раиси ин оҷонсӣ аст. Хуршед Мирзо то ин замони ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон фаъолият мекард.

Вай то расидан ба курсии муовинӣ, директори КВД “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд.

Номбурда ҳарчанд шинохти ҳамагонӣ надорад, аммо дар командаи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ аз одамони асосӣ дониста мешавад. Аз соли 2013 инҷониб ноиби аввали Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ниҳоди ҷамъиятие, ки роҳбарии онро Рустами Эмомалӣ ба уҳда дорад.

Хуршед Мирзо
аз сомонаи ФФТ

Иттифоқан Хуршед Мирзо имрӯз, 17-уми январ, зодрӯз дорад ва 40-сола шуд. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисоддон ва баъдан Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Русияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос аст.

То соли 2009 дар корҳои тиҷоратӣ буд. Аз ҷумла, солҳои 2005-2009 роҳбари ҶДММ “Ориёнфарм” - ширкате, ки ба кишвар дору ва маводи тиббӣ ворид мекунад, буд. Аз соли 2009 то 2010 мутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони Умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон будааст. Ду соли дигар, то соли 2012 ҳамчун сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони Умумиҷаҳонии савдои ҳамин вазорат кор кардааст. 

Баъдан, то соли 2015 боз ба тиҷорат, роҳбарии ҶДММ “Ориёнфарм” бармегардад. Аз ҳамон сол то 2019 роҳбарии “ТВ Варзиш”- ро, ки нав таъсис ёфта буд, ба зиммааш мегузоранд. Баъд ба роҳбарии КВД “Тоҷикинвест” баргашта, баъди се сол, моҳи апрели соли 2021 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Қаблан бо ишора ба наздик будани ӯ ба Рустами Эмомалӣ тахмин зада мешуд, ки ӯ ба ягон мансаби баландтари дигар, масалан, муовини аввали сарвазири кишвар таъин мешавад, вале чунин нашуд.

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон

Ниҳоди дуввуми навтаъсис Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон аст.  Қарори ҳукумат дар бораи таъсиси он моҳи сентябри соли 2023 имзо шуд.

Кумитаи навтаъсис муассисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ (литсей ва мактабҳои касбӣ-техникӣ) ва миёнаи касбӣ (коллеҷ, техникум ва омӯзишгоҳҳо)-ро назорат карда, ин соҳаро бояд рушд ва тараққӣ диҳад. То таъсиси ин кумита гуфтугузор дар бораи таъсиси Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ё Кумитаи ҳамном мерафт. Вале он ҳоло амалӣ нашудааст.

Шумораи ниҳоии кормандони Кумита аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои корӣ дар ташкилотҳои буҷетӣ 42 воҳид (бе ҳайати хидматрасон) аст.

Ба раиси Кумита иҷоза дода шудааст, ки 2 муовин, аз ҷумла як муовини ва инчунин ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.

Маблағгузории Кумита аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молия анҷом дода мешавад.

Таъсиси як ниҳоди нав дар самти маориф дар ҳолест, ки дар гузашта сиёсати маорифро дар ин самт пурра Вазорати маориф ва илм амалӣ  мекард. Ба назар мерасад, ки сол ба сол салоҳияти ин вазоратро бо таъсиси ниҳодҳои дигар ба дигарон вомегузоранд. Аз ҷумла, то таъсиси кумитаи нав Маркази миллии тестии назди президент ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент таъсис ёфтанд. То замони таъсиси ин ду ниҳод Вазорати маориф ба танҳоӣ салоҳияти онҳоро пеш мебурд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки таъсиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баъди танқиди президент аз соҳаи маориф дар паёми солонааш ироа шуд. Дар пайи ин танқидҳо Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири вақти маориф ва илм ҳамроҳи муовинонаш аз вазифа озод шуданд.

Роҳбари нави Кумита навтаъсис кист?

Фарҳод Раҳимӣ, президенти ҳамакнун пешини Академияи миллии илмҳо роҳбари нахустини ин ниҳод таъин гардид. Ӯ беш аз 10 сол президенти Академияи миллии илмҳо буд. Аз ин пештар ба ҳайси муовин ва мувоини аввали вазири маориф кор кардааст.

Ӯ дар доираҳои илмӣ ва сиёсии кишвар шахсияти шинохтаву мансабдори ба истилоҳ “коркушта” аст. Вай 56 сол дорад ва доктори илмҳои физикаву математика мебошад.

Фарҳод Раҳмиӣ
Радиои Озодӣ

Фаъолияти кориашро ҳамчун лаборанти калони кафедраи физикаи умумӣ шурӯъ намуда, сипас дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Соли 1995 рисолаи илмиашро пеш аз муҳлат дифоъ намудааст.

Солҳои 1995—1998 ҳангоми кор дар донишгоҳ докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва таҳқиқоти илмиашро дар Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Русия идома дода, рисолаи докториро дифоъ ва соҳиби унвони илмии доктори илмҳои физика ва математика гардидааст.

Аз соли 1995 то соли 2000 ба ҳайси муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 2001—2005 ҳамчун сардори раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Эҳтимол ба ин курсӣ таъин намудани Фарҳод Раҳимӣ ба таҷрибаи ӯ дар Вазорати маориф ва илм вобаста бошад. Акнун ӯро зарур аст, ки кори ин ниҳоди навтаъсисро ба самти муайян равона кунад, то роҳбарони дигар ин самтро идома диҳанд.

Муаррифгари фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ

Ниҳоди сеюм, ки таъсис ёфт, бештар хусусияти намояндагӣ дорад . Аввали соли равон Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон курсии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) боз кард.

Ҳадафи он ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг ва муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш ба парлумон гуфт, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Ӯ ҳамчунин, супориш дод, ки бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад. Ҳоло маълум нест, ки ин оҷонсӣ таъсиси шудааст ё не ва роҳбари ин оҷонсӣ кӣ таъин мешавад.

Намояндаи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО кист?

Дирӯз, 16-уми январ, Дилшод Раҳимӣ, фарҳангшиноси шинохтаи тоҷик ба ин курсӣ такя зад. Ӯ то ин вақт раиси пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Тоҷикистон, ниҳоди зери тобеияти Вазорати фарҳанг буд.

Гуфта мешавад, ки маҳз бо кӯшишҳо ва талошҳои ӯ чанде аз мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардиданд. Аз ҷумла, дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматии Созмони мероси ғайримоддӣ, ки аз 4 то 9 декабр дар шаҳри Касане (Ботсвана) баргузор шуд, ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ аз Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО рӯйхат шомил шуд.

Дилшод Раҳимӣ аз рост аввал зимни суханронӣ дар ҷаласаи охири ЮНЕСКО
саҳифаи фейсбуки Дилшод Раҳимӣ

Ӯ 50 сол дорад ва хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, дар чанде аз донишгоҳҳои бонуфузи фарҳангӣ курсҳо ва ё омӯзишҳои кутоҳи фолклоршиносию мардумшиносиро гузаштааст.

Ӯ ҳамчунин, тартибдиҳандаи 23 маҷмуаи мақола ва 2 феҳрист мебошад. Аз ҷумла, соли 2007 маҷмӯаи достонҳои эпоси “Гӯрғулӣ”-ро ба хатти форсӣ баргардон намуда, бо унвони “Ҳамосаи Гӯрғулӣ” дар ИМА нашр намуд. Муаллифи якчанд мақолаи китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон” мебошад, ки соли 2017 ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ нашр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.