Бунафша Файзиддинзода, ки то имрӯз раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон буд, аз вазифа озод шудааст. Ба ҷойи ӯ кӣ таъин шудааст, маълум нест.

Дар ин бора ду манбаъ аз мақомоти шаҳри Левакант хабар доданд.

“Роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрро соати 15 барои ҷаласа ба ҳукумати шаҳр даъват кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд раиси нави шаҳр муаррифӣ мешавад”, - гуфт як манбаъ аз мақомоти шаҳри Левакант.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки Бунафша Файзиддинзода дар ин ниҳод ба ҳайри роҳбар муаррифӣ шудааст.

Раиси пешини Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода ба кадом вазифа таъин гардидааст, маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.