Нимашаби гузашта тазоҳургарони назди бинои ҳукумати шаҳри Хоруғ майдони Ваҳдатро тарк намуданд.
Бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, гирдиҳамомадагоне, ки ба нишони эътироз ба куштори пешвои ғайрирасмии Бадахшон Имомназар Имомназаров ба майдон ҷамъ омада буданд, то лаҳзаҳои охир бовар надоштанд, ки қарордодҳои нав ба иҷро мерасанд.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл миёни нерӯҳои қудратӣ, гурӯҳи миёнарави 20-нафара, вакилони шӯрои шаҳрии Хоруғ, намояндагони дин ва фаъолони шаҳр созишнома ба имзо расид, ки аз оғози амалиёт нахустин ба шумор меравад. Ҳамаи қарордодҳои қаблӣ шифоҳӣ буданд.
Ба гуфтаи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс», созишнома баҳри ба субот овардани вазъ дар Бадахшон ба имзо расида, аз се банд иборат аст.
Мутобиқи ин бандҳо, тамоми иштирокчиёни гирдиҳамоии ғайриқонунии ахир аз ҷавобгарӣ озод шуда, пас аз имзои санад гирдиҳамоӣ хотима меёбад ва иштирокдорони он майдонро тарк мекунанд. Дар банди сеюм интиқоли нерӯҳои низомии гирду атрофи маҳаллаҳои аҳолинишин ба қисми низомии мустақар дар шаҳри Хоруғ ва минбаъд баррасии масъалаи хурӯҷи пурраи онҳо ба макони будубоши доимӣ пешбинӣ мешавад.
«Қисмате аз тазоҳургарон изҳор карданд, ки ба иҷрои ин қарордодҳо боварӣ надошта, то аз қаламрави Қалъаи Хумб (маркази маъмурии Дарвоз) берун рафтани нерӯҳо майдонро тарк нахоҳанд кард. Аммо сипас тасмим гирифта шуд, ки аз ҳисоби шахсони дар зери созишнома имзогузошта як ситод таъсис дода шавад. Ситоди мазкур имрӯз ба фаъолият оғоз намуда, баҳри иҷрои шартҳои банди сеюми созишнома кӯшиш ба харҷ медиҳад. Танҳо баъд аз ин тазоҳургарон ба хонаҳои худ пароканда шуданд», - иттилоъ дод хбарнигори ОИ «Азия-Плюс».
Имрӯз дар шаҳри Хоруғ вазъ ором буда, мақомоти маҳаллӣ ба корҳои батартибории майдони Ваҳдат шурӯъ намуданд.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста