Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар машқгоҳи минтақаи Фахрободи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ машқҳои ситодӣ-тактикии воҳидҳои махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар доир гардид.

Дар машқҳои мазкур мутахассисони техникӣ ва мерганҳову нишонзанҳои варзида ҳунару маҳорати баланди ҷангии худро нишон дода, аз нақлиётҳои муосири зиреҳпӯши ҷангӣ, яроқҳои вазнини истифодаи дастии гулӯлаандоз, пулемёту яроқҳои нишонзани «СВД» ва дигар яроқҳои оташфишон ба нишонаҳои махсус, аз тарзҳои гуногуни ҷангӣ, ҳангоми ҳаракат, дар ҷойи таваққуф ва дар дигар ҳолатҳои хоси минтақаи кӯҳӣ оташ кушода, душманони шартиро безарар гардонида, нишонаҳоро зери ҳадафи тир қарор доданд.

Дар тамринхо ба як қатор кормандони чавон тарзи дурусту саҳеҳи истифода ва оташкушоӣ омӯзонида шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад.