Дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин ба ифтихори 20-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки намояндагони серушмори Вазорати мудофиаи Чин таҳти роҳбарии генерал-майор Си Говэй ва вазоратҳои мудофиаи дигар кишварҳои дӯст як маросими ботантана доир гардид.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Чин, зимни суханронӣ дар назди ҳозирин сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов мухтасар перомуни таърихи ташакул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва нақши муҳими он дар таъмини соҳибистиқлолии кишвар, амният ва тамомияти арзии мамлакат маълумот дод.

Сафир ба рушди босуръати ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Чин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид дошт, ки он ба манфиатҳои ҳарду давлат ҷавобгӯ буда, ба муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва дӯстии мардуми кишварҳо, таъмини сулҳу субот ва уствуворӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва саросари ҷаҳон мусоидат менамояд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июни соли гузашта Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва сардори Ситоди кулли Артиши мардумии озодихоҳи Чин Чэн Бинде дар маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои Хонаи афсарон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Барои сохтмони бинои шашошёнаи Хонаи афсарони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҷониби Чин 90 млн. юан (тақрибан 14 млн. $) маблағ ҷудо кард. Сохтмони иншоотро ширкати чиноӣ ба ӯҳда гирифта, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 200 нафар бинокорон ҷалб шудаанд, ки 80%-и онҳоро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд. Интизорӣ меравад, ки Хонаи афсарон ахири соли равон ба истифода дода мешавад.