Дар робита ба изҳороти сафири ИМА дар ҶТ Эллиот Сюзан дар мавриди ҷалби Бюрои федералии тафтишотӣ (ФБР) ба ҷустуҷӯи духтрони хурдсоли дар Душанбе бедаракшуда Малика ва Сабина Араловаҳо коршиноси масоили амният Олимҷон Самиев гуфт, кӯмаки кормандониФБР дар ин ҳолат сирф техникӣ хоҳад буд.

«Яъне кормандони Бюрои ФБР дар Қазоқистон бо таҷҳизоту дастгоҳҳои худ ба ин ҷо омада, кӯмаки техникӣ мерасонанд ва дар ин хусус машварат медиҳанд», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Самиев,  кормандони ФБР ба ҷустуҷӯи мустақилона ҳуқуқ надоранд, зеро мутобиқи моддаи 13-и Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», дар қаламрави Тоҷикистон ба роҳандозии фаъолияти ҷустуҷӯӣ танҳо воҳидҳои оперативии кишвар ҳуқуқ доранд.

Ба андешаи коршинос, дар ин самт қабули қонун дар бораи агентиҳои хусусии посбонӣ ва детективӣ мувофиқи мақсад аст, ки ба ҷустуҷӯи мустақилонаи хусусӣ низ имкон фароҳам месозад ва дар аксари ҳолатҳо фаъолияти он нисбат ба фаъолияти аз ҳад зиёди бардӯшдоштаи мақомоти расмӣ муассиртар мебошад.