Чанде пештар як ҳайати Вазорати корҳои дохилии ҶТ таҳти сарварии муовини Вазир, генерал-майори милитсия Саид Ҷӯрахонов бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои босамари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ, тибқи Барномаи «Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеъа», аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди  «Эмерҷенс гурӯҳ» ба ИМА сафар карданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ин сафар ҳайати кории ВКД ҶТ аз Департаменти давлатии ИМА, биноҳои маъмурии «Метрополис», шӯъбаи 6-уми минтақавии политсияи Вашингтон, «Капитолполис» «Агентии назоратӣ оид ба маводи нашъадор» дидан намуда, бо  роҳбарон ва намояндагони идораҳои давлатӣ ва сохторҳои қудратии  Амрико, аз ҷумла бо Директори шӯъбаи аврупо ва осиёии Департаменти давлатии ИМА, дар мавзӯи  муборизаи дастаҷамъона алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, раванди татбиқи Ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон, инчунин аз фаъолияти кормандони идораҳои дар боло номбурда шинос ва бо масъулини он оиди ҳамкории политсия бо ҷомеа сӯҳбату вохӯрӣ намуданд.

Зимни сӯҳбату мулоқотҳо ва суханронии ҳайати намояндагии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳо вобаста ба ҳамкорӣ, таҷриба ва роҳҳои мубодилаи афкории кормандони милитсия бо ҷомеа арзёбӣ гардид, ки он аз ҷониби ҳампешагони америкоӣ мавриди истиқбол қарор гирифт.