Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар кори он Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров низ ширкат дорад, оғоз шуд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, қарор аст ҷаласа ду рӯз идома кунад ва дар он масъалаҳои таъмини амният дар қаламрави кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо назардошти вазъи тағйирёбанда дар қаламрави мамлакатҳои узв, ҳамкориҳо миёни ин кишварҳо дар мубориза бо терроризм, эктремизм, ҷудоихоҳӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмарзӣ ва кибернетикӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд. 

Ҳамчунин дар назар аст маърӯзаи сарварони минтақавии сохторҳои зиддитеррористии СҲШ шунида шаванд ва ширкаткунандагон замон ва макони баргузории ҷаласаи навбатиро муайян намоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои машқҳои муштараки зиддимухаддиротӣ низ баррасӣ мешаванд. Виктор Иванов, сарвари Хадамоти Федералии назорати маводи мухаддири Русия дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки сарварони идораҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви СҲШ дар ин нишаст масъалаҳоеро ҳам мавриди сӯҳбат қарор хоҳанд дод, ки ба рушди ҳамкориҳо, табодули ахбори оперативӣ ва машқҳои муштарак иртибот доранд.