Бо иштироки котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар отряди сарҳадии «Деваштич»-и вилояти Суғд комендатураи «Қарақчиқум» мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, комендатура аз ҳуҷраҳои зисту кабинетҳои корӣ, синфҳои таълимӣ, ошхона, майдони варзишӣ, ҳаммом ва анборҳо иборат аст.

Ба гуфтаи ӯ, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ аз сарбозону афсарони комендатураи мазкур даъват кардааст, ки содиқона хизмат намуда, аз манфиатҳои кишвар ҳимоят кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.