Дар бозорҳои шаҳри Кӯлоб қимати гӯшти гӯсфанд якбора ба андозаи 10% боло рафт.
Ба гуфтаи харидорон, айни замон дар Кӯлоб арзиши як кило гӯшти гусфанд ба 32 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ду моҳи ахир арзиши он 29-30 сомониро ташкил медод.
Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» фурӯшандагони гӯшти гӯсфанд болоравии нархро ба камчин будани гӯсфанд дар фасли зимистон нисбат доданд. «Дар ноҳияҳои кӯҳистон зимистонгузаронии чорво идома дошта, мо молро аз маҳаллаҳои аҳолинишини наздишаҳрӣ мегирем ва онҳо молашонро ба нархи гарон мефурӯшанд», - гуфтанд онҳо.
Дар ҳамин ҳол, арзиши гӯшти гов ба ҳамин андоза поин рафт. Агар қаблан як кило гӯшти гов 27-28 сомонӣ нарх дошт, феълан онро метавон бо 25-26 сомонӣ дастрас намуд.
Дар баробари ин, дар бозорҳои шаҳри Кӯлоб арзиши тамоми маводи ғизоӣ ба миқдори 3-5% боло рафт.
Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?
Дар Суғд куҳансолтарин дарахтонро рӯйхат мекунанд
Тамокукашӣ ва вазни зиёдатӣ: чӣ гуна бо одатҳои бад метавон аз саратон пешгирӣ кард?
Даст ба ҷайби мардум? Ва ё чаро ҳизбҳои сиёсӣ набояд аз буҷети давлат маблағгузорӣ шаванд?
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Ҳукми қатли Бобаки Занҷонӣ бекор шуд. Ӯ кист ва бо Тоҷикистон чӣ иртибот дорад?
Дар “Хуҷанд” маош намедиҳанд. Посухи сармураббӣ
Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 кишвари дигар низоми раводидро бекор кард
“Аз фурудгоҳ ихроҷ карданд, сабабашро нагуфтанд”. Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро ихроҷ кардааст
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста