Панҷ нафар халабонони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ки якуним моҳ дар «асорати» Кобул қарор доштанд, чанде қабл ба ватан баргаштанд.

Муддати чанд сол онҳо дар Афғонистон тибқи қарордод бо ширкати Supreme Food, ки нерӯҳои эътилофи байнулмилалиро ба маҳсулоти ғизойӣ таъмин мекунад, фаъолият доштанд.

Аммо 1-уми июни соли равон ҳангоми парвоз ба Душанбе пас аз анҷоми қарордод ҳукуматдорони Афғонистон ба сафари 12 нафар халабонону ҳайати кормандони техникии тоҷик монеъ шуда, ҳамчунин 2 чархболи МИ-8-ро низ боздоштанд. Каме баъдтар 7 нафар ба ватан баргашта, панҷ нафари дигар муддати якуним моҳ дар манзиле дар канори шаҳри Кобул нигоҳ дошта шуданд. Шиносномаҳои онҳоро гирифта буданд, ки ин барои равуои озодонаи халабонон дар шаҳр мушкилӣ пеш меовард.

Пас аз сафари мақомоти раҳбарии ширкати «Тоҷик Эйр» ва муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Кобул, мушкилот ҳал шуд.

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» он замон як изҳороте пахш намуда, иттилоъ дода буд, ки бинобар сабаби ба вуҷуд омадани баҳсҳо миёни корфармо ва Вазорати нақлиёт ва ҳавопаймоии Афғонистон, фаъолияти беш аз 30 ҳайатҳои кормандони ҳавопаймоҳову чархболҳо боздошта шуд, ки миёни онҳо намояндагони Тоҷикистон, Русия, Украина, Қирғизистон ва Колумбия ҳузур доранд.

«Пас аз ҳаллу фасли масъала ҳайати кормандон ба фаъолияти худ идома медиҳанд», - зикр гардида буд дар изҳорот.