Соли равон Иди моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон санаи 19-уми август таҷлил мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, субҳи рӯзи 19-уми август дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар ба муносибати анҷоми моҳи шарифи Рамазон намози Иди Фитр баргузор мешавад.

Маъмулан, дар ин рӯз субҳи зуд кӯдакон бо табрикоти ид ба хонаҳо омада, идона мегиранд. Рӯзи ид ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд.

Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Рамазон дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст ва агар рӯзи ид ба рӯзи истироҳат рост ояд, рӯзи аввали ҳафтаи дигар рӯзи ғайрикорӣ эълон мегардад.

Дар робита ба ин, чун рӯзи 19-уми август ба рӯзи якшанбе рост меояд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Иди Рамазон пайиҳам се рӯз – рӯзҳои 18, 19 ва 20-уми август истироҳат мекунанд.