Сабаби пайдоши домана дар Хоруғ оби ифлоси ошомиданӣ будааст.

Дар ин робита як корманди Хадамоти ҷумҳуриявии санитарӣ-эпидемиологии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, ташхиси оби ошомидании якчанд минтақаҳои шабакаҳои обтақсимкуни шаҳри Хоруг ин гумони табибонро тасдиқ намуданд.

«Ташхис нишон дод, ки дар натиҷаи садама дар шабакаҳои обтақсимкун, микробҳои ангезандаи ин беморӣ ба оби ошомиданӣ омехта шудаанд, - гуфт вай. – Имрӯз мутахассиси хадамот бо натоиҷи ташхис ба Хоруғ сафар карда, ба табибони маҳал дар кори комилан нест кардани сарчашмаи гирифторӣ ба беморӣ кӯмак хоҳад расонид».

Мутахассис мегӯяд, тайи се рӯзи ахир дар Хоруғ дигар ҳодисаҳои мубтало шудан ба бемории домана сабт нашудааст. «Шурӯъ аз 15-уми август то ахири ҳафтаи гузашта ба гумони гирифторӣ ба бемории домана 12 нафар сокинони шаҳри Хоруғ бистарӣ шуда, имрӯз беморони нахустин ба манзилҳояшон рухсатӣ мешаванд», - афзуд номбурда.