Аъзои  Ҳаракати ҷамъиятиву сиёсии «Гурӯҳи-24» бо пахши як баёния аз мусалмонони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ даъват ба амал овардаанд, ки садои худро барои озодии Қувватов баланд кунанд ва нагузоранд ӯ ба Тоҷикистон истирдод бишавад. Мурофиаи судии Умаралӣ Қувватов 18-уми август дар шаҳри Дубай баргузор мегардад. Ин муроҷиатнома дар сафҳаи вижаи ин гурӯҳ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир шудааст.

Дар матни муроҷиатнома зикр мегардад, ки У.Қувватов дар пайи як фиребкорӣ ва парвандаи ҷаълӣ дар Тоҷикистон, дар Дубай боздошт ва ҳаминак дар зиндон қарор дорад. Қозии ин парванда, ки асноди ҷаълиеро, ки барои вай фиристода шуда - ва гӯё шаҳодат ба ҷурми Ҳоҷӣ Умаралӣ медиҳанд – баррасӣ кардааст, аз сӯи кормандони амнияти Тоҷикистон таҳти фишор ва васваса қарор дорад; ки дар натиҷаи он, додгоҳ тасмим дорад бародари мо Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватовро ба Тоҷикистон истирдод намояд. Дар ин кишвар ӯро марг дар интизор аст; марге, ки метавонад дар натиҷаи шиканҷаҳо воқеъ бишавад.

Ба эътиқоди аъзои ҳаракат, тақсири Қувватов ин аст, ки ӯ ошкоро ва бидуни тарс, дар муқобили ҳокими диктотур ва худкома Эмомалӣ Раҳмон истод ва ҳарфи ҳақ зад, ӯро маҳкум кард ба хотири таъқиби мусалмонон, зиндонӣ ва шиканҷа кардани онҳо, бастани дари масоҷид, манъи навҷавонон аз рафтан ба масҷидҳо, таъйини имом-хатибҳо аз сӯйи ҳукумат, сирқати дороиҳои мардум тавассути хонадони вай.

«Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов, як марди бо имон ва устувор аст. Ӯ ҳамвора ба ниёзмандон кӯмак мекард, ӯ ҳоҷӣ ва шахсияте шинохта дар кишвари мо ба шумор меравад. Аммо одамони Раҳмон аз тариқи дасиса ва фишор ӯро водор карданд, то ширкати тиҷории худро ба домоди раисиҷумҳур бибахшад, ки бинобар ин, ночор шуд кишварро тарк кунад. Дар ҳоли ҳозир, Ҳоҷӣ зиндагии худро сарфи муборизаи мусолиматомез алайҳи нақзи ҳуқуқи мусалмонони Тоҷикистон ва ҳуқуқи ниёзмандони ҷомеа кардааст. Ӯ барои баргузории як интихоботи озод ва шаффоф дар кишвар дар соли 2013 талош ва кӯшиш мекунад. Вай дар суханрониҳои худ, бо далоили муҳкам, моҳияти ҷинояткорона ва низоми сирқати Раҳмонро собит мекард...

Танҳо ҳамин воқеият ба ростии ӯ ва дурустии кори ӯ кифоят мекунад, ки чӣ гуна мешавад аз як "кишвари шукуфо" - ки Раҳмон Тоҷикистонро бисёр чунин ёд мекунад - ҳудуди ниме аз мардумаш қути лоямути худро бо анҷоми корҳои сиёҳ дар Русия пайдо бикунанд?! Модарон, ҳамсарҳо ва хоҳарони мо, ҳамасола ҳазорон тобути азизони худро дарёфт мекунанд», - омадааст дар муроҷиатнома.

Дар ин робита аъзои ҳаракат аз мусалмонони АМА дархост кардаанд, ки садои худро барои озодии Қувватов баланд кунанд ва ба истирдоди ӯ ба Тоҷикистон роҳ надиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки Қувватов ахири моҳи декабри соли 2012  бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ Аз Маскав омада, ният дошт, ки минбаъд сафарашро ба шаҳри Брюссел идома бидиҳад.

Санаи 10-уми марти соли ҷорӣ ҳукуматдорон АМА дархости Душанбеи расмӣ оид ба истирдоди мухолифи тоҷикро рад намуданд. Аллакай рӯзи 14-уми апрел бошад, суд оид ба ватан истирдод шудани пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» қарор содир намуд. Он замон Николай Николаев, ҳимоятгари Қувватов дар ин робита изҳор намуда буд, ки суд қарори мазкурро бидуни назардошти ақидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул кардааст. Ӯ бар ин назар аст, ки истирдод ба хотири амали коррупсионии суд сурат мегирад. «Тибқи маълумоти мавҷуда, судяи ин қарорро содирнамуда барои коррупсия метавонад аз мақомаш маҳрум гардад. Тоҷикистон ба судя маблағи дорои 8 сифрҳоро додааст », - иброз дошта буд адвокат дар саҳифаи фейсбукии худ.

Пас аз ин адвокат аз болои қарори суд шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуд, ки баррасии он санаи 18-уми август дар назар аст.

Ҳукуматдорони Тоҷикистон ӯро ба дар содир намудани як қатор ҷиноёт, аз ҷумла қаллобӣ муттаҳам медонанд. Дар саҳнаи сиёсӣ Умаралӣ Қуватов тобистони соли гузашта пайдо шуд. Ӯ ба шаҳри Маскав ҳиҷрат намуда, дар он ҷо ҳаракати «Гурӯҳи 24»-и мухолиф ба ҳукумати кунунии Тоҷикистонро таъсис дод. Қувватов худро яке аз мухолифини пурқуввати президенти амалкунандаи ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мешуморад.

Қаблан дар видеохостинги Youtube сабти тозаи аудиоии пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов дар чаҳор қисмат гузошта шудааст, ки дар он ӯ оид ба аз кадом сифатҳо бархӯрдор будани номзади имконпазир ба мансаби президенти Тоҷикистон изҳори назар мекунад.