Анонс

- Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар назар аст;

- Дар Маркази такмили ихтисоси Раёсати маорифи пойтахт (кӯч. Мирзо Турсунзода, 8а) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар низоми маорифи кишварро барпо мекунад. Оғоз соати 08:00;

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7669 сомонӣ;

1 евро - 6.12 5 0 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1484 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1933 – Зодрӯзи журналист Бахтибек Асалбеков.

1952-1998 – Мавлуди рӯзноманигор Бӯстон Шакурӣ.

1964 – Зодрӯзи доктори улуми техникӣ Раҳим Азимов.

1974 – Мавлуди қаҳрамони ҷаҳон Раҳимқул Малахбеков.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +26+31.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +24+29;  дар шарқи вилоят шабона +2+7, рӯзона +10+15.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +25+27.