Бинои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо чароғҳои чинӣ ороста шуд, ки рамзи некиву хайр ва рӯшноиву тозагӣ мебошанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи вазорати мазкур Абдуҷаббор Абдуғаффоров хабар дода, таъкид дошт, ки ин чароғҳо аз ҷониби Чин туҳфа карда шудаанд.

Назди даромадгоҳи бинои вазоратро ду чароғ бо услуби чинӣ зеб медиҳанд. Зери онҳо парчами ҷумҳурӣ ҷило медиҳад, ки дар шакли амудӣ овехта шуда, парчами Италияро ба хотири кас меорад.

Қобили зикр аст, ки ҳамин гуна чароғҳои чинӣ қаламрави корхонаи истеҳсолии «Тоҷиктекстил»-ро низ оро медиҳанд.

Чароғҳои маъмулии чинӣ рамзи эҳсону хушнудӣ ва некӯаҳволӣ мебошанд. Чароғҳои сурхи чинӣ барои ҷалби барору боигарӣ истифода мешаванд ва онҳоро маъмулан назди даромадгоҳи бино меовезанд.