Дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодию воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ждар ҷаласа бо иштироки фаъолони пойтахт масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ташкили кӯмакҳои анъанавии молиявии шаҳрдорӣ, ки характери якдафъаина доранд ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ-и солҳои 1941-1945 ва дигар категорияҳои ба онҳо баробаркардашудаву ниёзманди шаҳр ба ифтихори ин санаи муборак, роҳандозии омодагиҳои ҳамаҷонибаи  субъектҳои хоҷагидории шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ, назорати раванди таълиму тарбия бо инобати оғоз гардидани соли нави таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва бо дарназардошти он зиёдшавии анбуҳи мусофирон масъалаи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва дурнамои татбиқи Нақшаи генералии шаҳр мавриди баррасии шаҳрдор қарор гирифтанд.

«Аз прокуратураи шаҳр даъват ба миён оварда шуд, ки ҳолати риоя ва иҷроиши якмароми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқ ба он дар марзи шаҳри Душанбе парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст, мавриди санҷиш ва назорати қатъӣ қарор дода шавад», - зикр мегардад дар иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе.