Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як зумра кормандони соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ барои саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёт, илму фарҳанг ва хизмати намунавии давлатӣ бо мукофтҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Ибрагимов бо ордени «Шараф» дараҷаи III, сардори шӯъбаи фурудгоҳҳо ва бехатарии авиатсионии раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт Анвар Нуров ва менеҷери нақби «Шаҳристони»-и Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак» Ғозибек Полвонов бо  медали «Хизмати шоиста» қадронӣ шуданд.