Ба муносибати 15-умин солгарди фаъолият дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар минтақаи Кӯлоб ба кӯмакҳои ройгони худ густариши бештар бахшид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Кумитаи мазкур дар Кӯлоб хабар доданд, дар назди хадамоти минтақавии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғл ва муҳоҷирати аҳолӣ ду курси ройгони омӯзиши компютер ва коркарди сангҳои қиматбаҳо боз шуданд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби намояндагии Кумита ва хадамоти шуғли аҳолии минтақа ба ин курсҳо 10-нафарӣ ҷавонону духтарон аз қишри осебпазири ҷомеа қабул шуда, таҷҳизот аллакай насб ва интихоби шунавандагони курсҳо ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҳол, айни замон Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ ба ҳудуди 1 ҳазор нафар занони минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ, ки маҷбуран саробони оилаҳо гардидаанд, дасти ёрӣ дароз намуда, ба онҳо кӯмаки башардӯстонаву қарзҳо, нафақаву кӯмакпулиҳо ва барои хонандагон аз ин  оилаҳо стипендияҳо ҷудо мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки миёни духтарон курсҳои омӯзишии дӯзанда-мотористкаҳо писандида аст, ки барои хониши аъло ва хуб азхудкунии касб метавон ба мошинаи дӯзандагӣ соҳиб шуд. «Дар давраи омӯзишии нав низ қариб нисфи духтарон хоҳиши омӯзиш дар ин курсҳои семоҳаро доранд», - афзуд манбаъ.