Анонс

- Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Истиқлол»   ҷаласаи даҳуми ҷашнии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (Роҳи нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё) доир мегардад. Оғоз соати 08:00;

- Дар Пажӯҳишгоҳи чорводории Академияи улуми ҶТ анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он номазади ҳизб ба мансаби президентӣ эълон мегардад. Оғоз соати 10:00;

- Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барпо мешавад, ки дар он расман номзад ба мансаби президентӣ эълон мегардад. Оғоз соати 09:00;

- Дар Раёсати БДА ВКД ҶТ бахшида ба анҷоми марҳилаи аввали амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» конфронси матбуотӣ доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

- Дар толори конфронси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ маросими муаррифии китоби шоираи рус Валентина Сергеева ва шоираи тоҷик Зулфия Атоӣ «Там, где встает солнце» (Ҷое, ки офтоб тулӯъ мекунад) баргузор мешавад. Оғоз соати 10:30.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7681 сомонӣ;

1 евро - 6.1022 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.148 2 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1934 – Осоишгоҳи Хоҷа Обигарм нахустин муолиҷакунандагонро қабул кард.

1912-2001 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, иҷрокунандаи нақши У.Черчилл Георгий Менглет.

1938 – Мавлуди сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мустафоқул Муртазоев.

1948 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ Фаррух Қосимов.

1954 – Мавлуди раиси палатаи поёнии парлумони ҶТ Шукурҷон Зуҳуров.

1954 – Зодрӯзи доктори илми тиб, профессор Тӯйчӣ Абдуфаттоҳов.

1947 – Мавлуди публисист Саидаҳмади Қаландар.

1956 – Зодрӯзи нависанда Тӯлқин Хоҷа.

1957 – Мавлуди журналист Шукрисоҳиб Раҳматуллоев.

1958 – Зодрӯзи  оҳангсоз Ворис Абдураҳмонов.

1967 – Мавлуди олим Зулфия Мирзода.

1976 – Зодрӯзи олими соҳаи тиб Шаҳноза Холова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +12+17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +20+25;  дар шарқи вилоят шабона -4+1, рӯзона +11+16.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +22+24.