Рӯзи 7-уми октябр таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи ҳукуматҳои ноҳияҳо, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодию воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, масъалаи вокуниши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба муроҷиати шаҳрвандон дар маркази таваҷҷуҳи ҳозирини ҷаласа қарор гирифт.

Дар иртибот ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати ҳар як муроҷиат ва ҷараёни иҷроиши он дар доираи салоҳият ва муқаррароти қонунгузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, оид ба дар доираи имконият ва талаботи мавҷуда то ба охир ҳал нанамудани муроҷиати  раиси маҳаллаи Авул-1 бобати то маҳаллаи Авул-2 тамдид накардани хатсайри автобуси №37 ба муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе Абдулҳақ Оев ва перомуни саривақт ба муроҷиати сокинони маҳаллаи Саҳбо бинобар бо мавзеи Сариосиё ҳамсарҳадӣ доштан  ғайриимкон будани ҷудо кардани қитъаи замин барои қабристон, ба масъулини кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе танбеҳ эълон карда шуд.

Раиси пойтахт ҳушдор дод, ки минбаъд дар сурати беэътиноӣ зоҳир намудан дар баррасии муроҷиати шаҳрвандон нисбати масъулин аввал танбеҳ ва сипас чораҳои ташкилӣ то ҳадди аз ишғоли мансаб озод намудан андешида хоҳад шуд.