Корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия худсарона нусхаҳои газетаи «Тоҷикони Русия» аз лавҳаи Хонаи меҳмонони Тоҷикистон дар Маскавро бо худ бурдааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари «Тоҷинфо» Ғуфрон Ваҳҳобов хабар дод, нусхаҳои гирифтаи газета дар ҳуҷраи кории сарнозири намояндагии ХМ ҶТ дар Русия Азиз Халилов дарёфт гардида, щарҳи сабаби ин амали худро ӯ расман рад кардааст. «Бо ишора ба қонунҳои амалкунанда аз Халилов дархост кардем, ки газетаҳоро ба ҷояшон баргардонад, вале ӯ ба иҷрои ин амал розӣ нашуд», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, дар шумораи ахири газета таҳти унвони «Дар Хадамоти муҳоҷират беш аз миллион нафарро гум кардаанд?» мақолае ба чоп расида буд, ки дар бораи тафовут миёни маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия оид ба шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия сухан мерафт. «Шояд маҳз ҳамин мавод ба гиритфтани газета боис шуда бошад», - афзуд Ваҳҳобов.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар ин робита ба унвони сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев номаи расмӣ пешниҳод шуд.