Намояндагони Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа  дар Тоҷикистон зимни як давраи омӯзишию амалӣ усули ҳамкорӣ бо расонаҳоро фаро гирифтанд.

Чӣ тавре ки ба Хабаргузории «Азия-Плюс» яке аз созмондиҳандагони тренинг, сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов иттилоъ дод, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ афзудани иқтидори созмонҳои узви Эътилоф ҷиҳати инъикоси масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ВАО, торнигорҳои инфиродию ташкилотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ буд.

«Дар ҷараёни давраи омӯзишию амалӣ иштирокдорон ба ҷуз баррасии масоили ташкилу баргузории нишастҳои хабарӣ ва брифингҳо, такмили малакаи мусоҳибадиҳӣ, таҳияи иттилоия ва матолиби хабарӣ барои ВАО, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва торнигорҳо барои пешбурди фаъолияти созмонҳои аъзои Эътилоф, ҳамчунин бо кори вебгоҳҳои интернетӣ шинос шуда, торнигорҳои инфиродӣ ва ё ташкилотиро тарроҳӣ карданд», - иброз дошт Романов.

Ба гуфтаи ӯ, тренинги мазкур барои намояндагони Эътилоф нахустин таҷрибаи омӯзонидани усули ҳамкорӣ бо ВАО буд ва  дар оянда низ   ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва адвокатҳо таълим додани назокатҳои фаъолият дар ин самт пешбинӣ шудааст.

Созмондиҳандагони тренинг Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва Намояндагии Penal Reform International (Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо) дар Осиёи Марказӣ буда, он дар доираи лоиҳаи «Таҳкими ниҳодҳо ва тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирии шиканҷа дар 9 кишвари ИДМ» бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо гузаронида шудааст. Кормандони Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI» ба ҳайси коршиносони ин давраи омӯзишию амалӣ ҷалб гардиданд.

Маълумот: Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис шудааст. Мақсади Эътилоф муттаҳидсозии кӯшиш ва талабот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ташаккули сиёсати «таҳаммулнопазирии комил» нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин бо такя ба меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа, талош варзидан баҳри такмили қонунгузорӣ ва таҷрибаи корбурди муқаррароти қонунҳои амалкунанда мебошад. Айни замон Эътилоф аз 12 ташкилоти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст, ки фаъолияти худро дар самтҳои гуногуни озодӣ аз шиканҷа амалӣ месозанд. Ҳамзамон 2 коллегияи адвокатҳо шарикони Эътилоф мебошанд.